28 декабри соли 2024, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии якдафъаинаи 6D.КОА-041, назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ҳимояи ошкорои диссертатсияи Ойматова Ҳоҷармо Холмуродовна дар мавзӯи «Таъсири нанохокаи гидразин ба тағйирёбии хосиятҳои гармофизикӣ ва адсорбсионии омехтаи системаи сеҷузъа (H2 SiO4, нанонайчаҳои бисёрқабатаи карбонӣ ва N2 H4) дар фазаи сахтӣ» барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 01.04.14 - Физикаи ҳарорат ва назарияи техникаи гармо баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10а шинос шудан мумкин аст.