12 декабри соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 008 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Шукуров Фирдавс Абдушукурович дар мавзуи «Дисфунксияи эндотелия ҳангоми шаклҳои гуногуни бемории ишемиявии дил» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисосҳои 14.01.04 – Бемориҳои дарунӣ ва 03.03.01 – Физиология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.