18 январи соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 040 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Сафедов Фахриддин Холниёзович дар мавзуи «Ташхис ва усулҳои инноватсионии ҷарроҳии реконструктивӣ-барқарорсозӣ ҳангоми дисплазияҳои минтақаҳои тригоналӣ-гарданакӣ ва масонавӣ-уретралӣ дар кӯдакон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.19 – Ҷарроҳии атфол баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.