18 декабри соли 2024, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 040 назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Ҷураев Муродалӣ Файзалиевич дар мавзуи «Пешгӯйӣ ва беҳбудии натиҷаҳои муолиҷаи думмалҳои пасазҷарроҳии ковокии шикам (таҳқиқи таҷрибавӣ-клиникӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.17 – Ҷарроҳӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.