21 декабри соли 2024, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 053 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Юнусова Дилрабо Зокирҷоновна дар мавзуи: «Оптимизатсияи системаи фиристодан/бозфиристӣ дар давраи минтақавӣ кардани перинаталӣ дар вилояти Хатлон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.02.03 – Сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.