29 январи соли 2025, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-015 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи Қаюмӣ Шаҳзода Тағо дар мавзуи «Такмилдиҳии дастгирии давлатии рушди соҳибкории саноатии рақобатпазир дар Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз руйи ихтисоси 08.00.04 – Иқтисодиёти соҳавӣ (08.00.04.01– Иқтисодиёти саноат ва энергетика) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академкҳо Раджабовҳо, 10 шинос шудан мумкин аст.