23 декабри соли 2024, соати 15:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 052 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, ноњияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Раҳмонов Беҳруз Абдумутолибович дар мавзуи «Табобати оризаҳои барвақти пасазҷарроҳии дохили косахонаи сар дар беморони дорои осеби косахонаву мағзи сар» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.18 – Нейроҷарроҳӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.