23 декабри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 052 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Рабиев Хусрав Худойқулович дар мавзуи «Оптимизатсияи артропластикаи буғуми косу рон ҳангоми бартараф кардани оқибатҳои осебҳои посттравматикии қисми проксималии рон дар беморони гирифтори диабети қанд» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.15 – Осебшиносӣ ва раддодӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.