28 декабри соли 2024, соати 12:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-012 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2, толори шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Абдуллоев Зафарҷон Асҳобович дар мавзуи «Такмили низоми идоракунии кормандон дар шароити рақамикунонӣ (дар мисоли меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси: 08.00.12 – Иқтисодиёти меҳнат баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2 шинос шудан мумкин аст.