27 декабри соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи такрории диссертатсияи Имомализода Баҳодур Бобомурод дар мавзуи “Ташаккулёбии маблағгузориҳои хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.07 – Молия, муомилоти пулӣ ва қарз баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.