26 декабри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Раҳимӣ Комил Маҳмадраҳим дар мавзуи «Шароитҳои педагогии ташаккули салоҳиятҳои эҷодкории хонандагон дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.05 – Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ (13.00.05.03 – Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суроғаи 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.