31 декабри соли 2024, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-050 назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Н. Қаробоев 63/3, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Назарзода Фирдавс Хоркаш дар мавзуи «ҶУДОКУНӢ ВА ТАҲҚИҚИ ТАРКИБИ ХИМИЯВИИ РАВҒАНИ ТУХМИ ЗАҒИР (Linum usitatissimum)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯи 05.18.06 - Технологияи чарбҳо, равғанҳои эфирӣ ва маҳсулоти атриёту ороишӣ, баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев, 63/3 шинос шудан мумкин аст.