30 декабри соли 2024, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 008 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Эмомзода Исматулло Ҳайдар дар мавзуи «Хусусиятҳои патогенетикии ташаккули кардиомиопатияи камхунӣ дар беморони гирифтори камхунии норасоии оҳан» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.04 – Бемориҳои дарунӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.