30 декабри соли 2024, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 052 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139) ҳимояи диссертатсияи Музаффарзода Ҳумоюн Музаффар дар мавзуи “Оптимизатсияи ташхис ва табобати нефролитиаз ҳангоми ҳавзаки интрареналӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.23 – Урология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.