30 декабри соли 2024, соати 15:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА – 072 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Мирзоева Соҳиба Рустамовна дар мавзуи: «Тавсифи морфологии бофтаҳои лимфоидӣ ва иртиботи мутақобилаи онҳо бо ғадудҳои ҳанҷара дар одамон дар давраи онтогенези постнаталӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.03.01 – Анатомияи одам баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.