10 январи соли 2025, соати 13.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-47 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (х. Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Холов Меҳриддин Равшанович дар мавзуи “Методикаи ташаккули салоҳияти касбӣ-лингвистии донишҷӯёни ихтисосҳои журналистика ва сайёҳӣ ҳангоми таълими забони англисӣ тавассути технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D011900-Забони хориҷӣ: ду забони хориҷӣ (6D011901.02-Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121, шинос шудан мумкин аст.