10-уми январи соли 2025, соати 10.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи диссертатсияи Қурбонова Шоира Солиҷоновна дар мавзуи “Такмилдиҳии механизмҳои таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти асосии озуқавории кишоварзӣ (дар асоси маводи вилояти Суғд)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.04.02 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.