24 январи соли 2025, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-007 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146) ҳимояи диссертатсияи Бурчинов Файзалӣ Ҳасанович дар мавзуи «Технологияи парвариши оилаҳои занбӯри асал ҳангоми зимистонгузаронӣ дар шароити ноҳияи Дарвози ВМКБ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.02.10 - Зоотехнияи ҷузъӣ, технологияи истехсоли махсулоти чорводорӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 шинос шудан мумкин аст.