23 январи соли 2025, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи № 503) ҳимояи диссертатсияи Раҳимӣ Миҷгона Раҳим дар мавзуи «Таҳаввули тасвири симои зан-модар дар шеъри замони Истиқлол (дар заминаи ашъори Раҳмат Назрӣ, Фарзонаи Хуҷандӣ ва Озар Салим)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.01 – Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.