22- юми феврали соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Мирзозода Раҳмоналӣ Раҷаб дар мавзуи «Системаи методии ташаккули фаъолияти эҷодии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар раванди омӯзиши математикаи олӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08- Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.03- Назария ва методикаи фанҳои математикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 шинос шудан мумкин аст.