29 январи соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-074 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121) ҳимояи диссертатсияи Садулаев Суҳбатулло Ҳабибулоевич дар мавзуи «Масъалаҳои маорифпарварӣ-ислоҳотхоҳӣ ва рушди илму фарҳанг дар таълимоти Мирзо Сироҷи Ҳаким» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фарҳангшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 24.00.01 – Назария ва таърихи фарҳанг баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121 шинос шудан мумкин аст.