11 марти соли 2025 соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-056 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак) ҳимояи диссертатсияи Муродӣ Ҳалимҷон Ғафурзода дар мавзуи “Асосҳои физикии идоракунии тавсифҳои вақтии лазерҳои бефосила бо фурӯбарандаи сершаванда дар дохили резонатор” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои физикаю математика аз руйи ихтисоси 01.04.07 – Физикаи муҳитҳои конденсӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоњ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.