11 феврали соли 2024, соати 13:30 дар шурои диссертатсионии 6D. КОА-067-и назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-21) ҳимояи диссертатсияи Буриева Шаҳноза Бекмуратовна дар мавзуи “Таҳлили этнолингвистии лексикаи ҳунарҳои мардумӣ дар забони тоҷикӣ” (дар асоси маводи фарҳангномаи “Бурҳони қотеъ”) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.00 – Забоншиносӣ (10.02.01 – Забони тоҷикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар китобхонаи илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ шинос шудан мумкин аст.