19-уми феврали соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, бинои таълимии № 17, синфхонаи 203) ҳимояи диссертатсияи Заҳурбеков Алишер дар мавзуи «Масъалаҳои экстремалии наздиккунии функсияҳои бисёртағйирёбанда бо ёрии суммаҳои Фурйе аз руи системаҳои ортогоналии ихтиёрӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рўи ихтисоси 6D060101 – Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.