26 феврали соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти кимиёи АМИТ ба номи В.И. Никитин АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ (ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 299/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Эмомов Баҳром Файзуллоевич дар мавзуи «Асосҳои физикӣ ₋ кимиёвии коркарди ангишти захирагоҳҳои асосии Тоҷикистон барои истеҳсоли кислотаҳои гуминӣ ва газҳои технологӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.17.00 – Технологияи химиявӣ (05.17.01 – Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи АМИТ ба номи В.И. Никитин АМИТ ва дар китобхонаи илмии Институти кимиёи АМИТ ба номи В.И. Никитин АМИТ бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ 299/2 шинос шудан мумкин аст.