28 феврали соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Давлатбекзода Вайсиддин Давлатбек дар мавзуи «Шароитҳои педагогии рушди ҳамкории муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва оила» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисоси 6D010100 – Таълим ва тарбияи томактабӣ (6D010101 – Назария ва методикаи таълиму тарбия (вобаста аз соҳа ва сатҳи таҳсилот) – 6D010101.01 – Назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суроғаи 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.