03 апрели соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии № 10, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи № 503) ҳимояи диссертатсияи Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода дар мавзуи «Воситаҳои ахбори оммаи корпоративии Тоҷикистон: масъалаҳои пайдоиш, ҳолати имрӯза ва дурнамо» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Рӯзноманигорӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.