7 марти соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-037-и назди МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Каримзода Мавзуна Асламҷон дар мавзуи «Инъикоси сохтмони Вахш дар романи «Замини падарон»-и Юсуф Акобиров» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 - Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик. Равобити адабӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.