5-уми марти соли 2025, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-002 назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров 16, бинои маъмурӣ, толори Шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Абдуллоҷони Ҳамрохон дар мавзуи «Асосҳои педагогии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735360, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С. Сафаров 16, шинос шудан мумкин аст.