12 апрели соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 040 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Гулшанова Ситорабону Фарҳодовна дар мавзуи «Пешгуйии маҷмуӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи оризаҳо баъди трансплантатсияи ҷигар аз донорҳои зинда» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб аз руйи ихтисосҳои 14.01.24 – Пайвандсозӣ ва узвҳои сунъӣ, 14.01.17 – Ҷарроҳӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.