18 марти соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 008 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Усмонов Исфандиёр Муҳсинҷонович дар мавзуи: «Оптимизатсияи ташхис ва пешгирии радкунии гуморалӣ дар занҳои дорои ҳассосияти баланди гирифтори марҳилаи 5-уми бемории музмини гурдаҳо то пайвандсозии гурда» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.03.09 – Масуниятшиносии клиникӣ, аллергология.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.