14 марти соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Султонов Абдураҳмон Неъмонович дар мавзуъи «Баланд бардоштани самаранокии равандҳои сармоягузорӣ дар соҳаи хизматрасониҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05.02 – Хизматрасонӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва иҷтимоиёт баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.