Ба таваҷҷуҳи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон!!

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Комиссия) зимни ташхиси сомонаҳои маҷаллаҳои тақризшаванда муайян намуд, ки 32 маҷалла сари вақт дар сомонаҳо ҷойгир карда нашудаанд. Ин ҳолат боиси сарсонии довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ, эҳтимолияти пайдоиши ҳолатҳои коррупсионӣ, мутобиқат накардани маводҳои чопии муаллифону довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ,  монеа ҳангоми ташхиси парвандаҳои аттестатсионӣ дар Комиссия ва дигар мушкилот мегардад.

Бо дарназардошти ҳолати мазкур, аз масъулони маҷаллаҳо хоҳиш карда мешавад, ки то 15 феврали соли ҷорӣ ҳамаи шумораҳои соли 2024 ва солҳои қаблиро дар сомонаҳои расмии маҷаллаҳо ҷойгир намоянд. Талаботи нашршавии минбаъдаи онҳоро саривақт таъмин намоянд.  

 Замима: рӯйхати маҷаллаҳо

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org