10-уми феврали соли 2025, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи хабарнигорони васоити ахбори оммаи кишвар баргузор гардид. Дар нишаст раиси Комиссия Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар шакли мухтасар ва пурмуҳтаво дар назди ҳозирин дар бораи фаъолияти муассиса гузориш ва ба саволҳои хабарнигорон посухҳои дақиқу мушаххас доданд. Раиси Комиссия зимни баромад қайд доштанд, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат зимни баромад дар Паём қайд доштанд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”, мебояд ҳар як намояндаи мактабии илмии кишвар ин андешаҳоро сармашқи кори худ қарор дода, болоравии дар донишу ҷаҳонбинии илмии насли имрӯзи кишвар саҳмгузор бошад. Сипас, аз ҷониби хабарнигорони васоити ахбори омма Далер Абдулло, Эмомалӣ Назаров, Сарвинози Сайдалӣ, Умаров Зуҳриддин, Нориниссо Абдуллоева, Хушдил Раҳимҷон ва дигарон саволҳои мубрам пешниҳод карда шуд.