Санаи 20.02.2025 дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки котибони шуроҳои диссертатсионӣ ва котибони шуроҳои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машварати дастурдиҳӣ дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ-техникӣ баргузор гардид. Зимни ҳамоиш мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ Вализода Ҳ.С. аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳозиринро ба фарорасии рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, сипас ҷаласаро дар мавзуи “Муаррифии дастовардҳои илми тоҷик” тариқи рӯнамо, ки дар монитори маҷлисгоҳ гузошта шуда буд, манзури ҳозирин гардонид. Ҳамзамон, мавсуф аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуданд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.
Сипас, и.в. мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ Каримзода М.А. дар мавзуи “Мушкилот ва роҳҳои ҳалли раванди коргузорӣ ҷиҳати барасмиятдарории парвандаҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ” баромад намуда, аз пешравӣ ва камбудиҳое, ки дар раванди таҳияи диссертатсия, автореферат, таҳлили парвандаҳои аттестатсионӣ, унвонҳои илмӣ, маҷаллаҳои тақризшаванда ва ҳимояҳои маҷозӣ тариқи рӯнамо ироа намуданд.
Пас аз баромад бо аҳли нишаст музокираҳо сурат гирифта, аз ҷониби котиби шурои диссертасионӣ 6D. КОА-066 Сафарова Заррина савол оид ба таъин намудани муассисаи пешбар пешниҳод карда шуд. Вобаста ба саволи мазкур и.в. мудири шуъбаи ҷамъиятӣ Каримзода М.А. мувофиқ ба талаботи бандҳои 74,75 Тартиби додани дараҷаи илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023, №295) посух гардонид. Саволи минбаъда аз ҷониби Раҷабова Илмира оид ба номувофиқатии ихтисоси магистр мавриди таваҷҷуҳи масъулин гардонида шуд, ки аз ҷониби мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ Вализода Ҳ.С. тибқи талаботи банди 21 Тартиб додани дараҷаи илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023, №295) посух гардонида шуд. Саволи навбатӣ аз ҷониби Қодиров Некрӯз – котиби шурои диссертатсионии 6D. КОА-018 оид ба ҳаҷми автореферати диссертасия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм пешниҳод гардид. Оид ба саволи мазкур аз тарафи мудири шуъбаи аттестасиони илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ Гулзода А.Б. мувофиқ ба банди 84 Тартиб додани дараҷаи илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023, №295) посух гардонида шуд.
Дар фарҷоми семинар аз ҷониби котиби шурои диссертатсионии 6D. КОА-012 Машокиров Ҷамшед оид ба ташкил ва ба роҳ мондани чати гуфтугуи дар Комиссия, истифодаи мақолаҳои тақризшаванда аз шохиси иқтибосоварии илмии Россия “еlibrary” ҳангоми таҳлили парвандаҳои аттестасионӣ ва пас аз гирифтани дараҷаи илмӣ ва муҳлати гирифтани унвони илмии дотсент савол пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби Каримзода М.А. ва Ёров М.Р. посухҳои амиқ гардонида шуд.
Ҳамзамон, роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии тасмим гирифтааст, ки баргузории чунин машваратҳои дастуриро дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ баргузор намояд.