Санаи 21.02.2025 бо ибтикори роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Артиши миллӣ – кафили суботи ҷомеа” бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он раиси Комиссия Давлатзода С.Х., муовини раис Шарифзода М.М., намояндаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.с. Абдураҳмонзода Раҷамад Ашур, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва кормандони Комиссия иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар навбати худ раиси Комиссия қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар ҳама давру замон оромӣ ва сулҳу субот калиди музаффариятҳои ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад, дар ин росто, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани амнияти давлат ва миллат нақши бориз дорад. Раиси Комиссия Давлатзода С.Х. аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми ҳозиринро бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрик намуда, ба ҳамагон орзуи некномиву некбахтӣ, вусъат ёфтани нерӯи илми тоҷик дар фазои амнияти кишварро таманно намуданд.
Инчунин, намояндаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Раҷамад Ашур оид ба ташкил ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, ҳамагонро ба ин рӯзи фархунда табрик намуданд. Ҳамзамон, мавсуф зикр намуданд, ки имрӯз фазои амнияти кишвар орому осуда буда, моро зарур аст, ки дар фазои Истиқлоли давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, то нерӯи илмии мамлакат ба таври зарурӣ рушду такомул ёбад. Ҳамчунин, вобаста ба ин сана аз ҷониби мутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ Исматова Заррина маъруза омода гардида, манзури ҳозирин карда шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш “Викторина” оид ба ташкилёбӣ ва нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯз ташкил карда шуд, ки дар он кормандони Комиссия фаъолона иштирок намуда, аз ҷониби кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.