Санаи 5 марти соли 2025 дар толори Комиссия ҳамоише таҳти унвони «Саҳми занон ва бонувон дар рушди илми тоҷик» бахшида ба гиромидошти Рӯзи Модар баргузор гардид. Дар он раиси Комиссия, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, мудирони бахшу шуъбаҳо, инчунин, як зумра олимон-бонувони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд.
Дар оғози ҳамоиш раиси Комиссия таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон ҳамеша иброз медоранд, ки «воқеан, зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар зан-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад ».
Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад. Модар ва мақоми баланди ӯ дар ҷомеа аз ҷониби шоирону нависандагон ва донишмандони халқу миллатҳои гуногуни олам хеле фаровону самимона васфу тасвир гардидааст.
Сипас, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар суханронии худ қайд намуданд, ки ин рӯзи муборак ҳамасола дар рӯзҳои аввали бедоршавии табиат ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Мавсуф бо муҳаббати зиёд нисбат ба модар – бахшандаи ҳаёт, мураббии аввалин ва омӯзгори башар андешаҳои худро баён намуда, аз ашъори худ дар васфи модар шеърҳо қироат карданд. Ҳамчунин, ба дӯстдорони шеър аз маҷмӯаҳои тозанашри худ китобҳо тақдим намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ, навори видеоии «Дуои Модар» ба ҳозирин пешкаш гардид. Ҳамчунин, мутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ Сатторов Шарофиддин Ашурович меҳрномаеро манзур намуд.
Барномаи ҳамоиш бо баргузории «Викторина» бахшида ба Рӯзи Модар идома ёфт, ки дар он кормандони Комиссия ва меҳмонон аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар фаъолона ширкат варзида, аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба бонувоне, ки рисолаҳои илмиашон аз ҷониби Раёсати Комиссия тасдиқ гардиданд, ҳуҷҷатҳои намунавии давлатӣ супорида шуд.