Санаи 06 марти соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – саркотиби илмии Маъруфӣ Р. Н., мудири шуъбаи илмҳои ҷамъиятӣ Каримзода М., мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ – математикӣ ва техникӣ Гулзода А.Б. ва кормандон Азизов Ф.Г., Убайдзода А.З. ва Назарзода Н.Н. ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ҷаласа ректори Донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода суханронӣ намуда, саравввал аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ниҳоди илмӣ ва саҳми Комиссия дар рушди илми тоҷик ёдовар гардиданд.
Дар ин росто, саркотиби илмии Комиссия Маъруфӣ Р.Н. ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани навишти диссертатсияҳо тибқи Низомнома ва риояи талабот ва тағйиротҳои нави илми муосир маърӯза намуд. Ҳамзамон, мавсуф тибқи фармоиши Раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2025 ҷиҳати таъсиси ду Шурои нави диссертатсионӣ: шурои диссертатсионии “6D070500 – Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ ва 6D060102-Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ” ва дигаре шурои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти илмии доктори фалсафа (PhD)- доктор аз руйи ихтисоси 6D030100-Ҳуқуқшиносӣ (6D030101— Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз руйи ихтисоси 12.00.00 Илмҳои ҳуқуқшиносӣ (12.00.01 Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат) мебошанд, муаррифи намуда ва ин таъсиси ду Шуроро дастоварди муҳими илмӣ арзёбӣ карданд.
Инчунин, бо фармоиши Раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 нафар устодони донишгоҳҳо, аз он ҷумла 15 нафар аз ДДҲБСТ сазовори унвони илмии дотсентӣ гардиданд, ки аз ҷониби намояндагони КОА дипломҳо ба таври тантанавӣ ба довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ тақдим гардиданд.
Дар охири вохӯрӣ ҷиҳати таҳияи диссертатсияҳо саволҳои мухталиф аз ҷониби устодон, муҳаққиқон ва котибони шуроҳои дахлдор пешкаш карда шуд, ки дар навбати худ ба саволҳо аз ҷониби саркотиби илмии Комиссия, мудирони шуъбаҳо ва кормандони Комиссия посухҳои амиқ гардонида шуд.