...Сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ

Ташаббусу иқдомоти хирадмандонаву оқилонаи  раҳбари муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ ва ҳаёти орому осудаи мардуми сайёра, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ ва адабӣ, намунаи ибрат барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, аз тарафи шахсиятҳои варзидаи илму адаби ҷаҳонӣ баҳои баландро сазовор гаштааст. Яке аз масъалаҳои асосии сиёсати берунии Тоҷикистонро татбиқи принсипҳои ҳамкории минтақавӣ ва хамзистии осоиштаи давлатҳо ташкил медиҳад, ки онро мо ҳамчун сиёсати “Дарҳои кушод” аз 31 декабри соли 2002 қабул намудаем ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо ҳамаи давлатҳо амалисозӣ менамоем. Зимнан то қабули ин иқдом ҳанӯз аввалин суханони Пешвои муаззами миллат дар умури давлатсозӣ «Ман, кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард!» буд ва ин суханони бо хитоб ва эътимодноку сиёсатгузориҳои огоҳона, ваҳдатмеҳвар ва ояндабинона буд.

Бояд қайд намуд, ки халқи тоҷик аз азал ва дар фарохнои масири таърихи давлатдорӣ ҳамешагӣ сиёсати муносибати ҳасана, ҳамзистии осоишта дар минтақа ва ҳусни тафаҳҳумро бо кишварҳои ҳамҷавор пеша менамуд.

Дар асрҳои миёна, ки замони ҳукумати императории Сосониён (224-651) буда, аз аввалин шуда, бо ибтикори шоҳаншоҳи хирадпешаи тоҷик Анушервони Одил (531-579) миёни Ҳоқони турк ва Сосониён созишномаи ҳарбӣ-сиёсӣ баста гардида буд. Ҳамин иқдомоти шоистаи Анушервони Одил дар хусуси посдоштан ва роҳандозии ҳамзистии осоишта дар минтақа минбаъда низ мавриди истифода қарор гирифта буд.

Иловатан миёни Сомониён ва ҳамсоягон шарқии онҳо созише дар хусуси дифои марзҳо баста шуда буд ва қабилаҳои оғуз, қарлуқ, яғмо, чигилӣ таҳти ҳифозати давлати Сомониён қарор гирифта дар ҳолати ҳамсоягии осоишта ба сар мебураданд. 

Дар оянда низ дар Мовароуннаҳру Хуросон  абармардони миллати тоҷик дар дастгоҳи идории давлатҳои мазкур ба монанди хонадони Бармакӣ, Утбӣ, Ҷувайнӣ ва чеҳраҳои номдоре чун Муҳаммад Кандарӣ, Низомулмулки Тусӣ, фаъолият намудаанд, ки фазои гуногунмиллии ин дудмонҳо ҳаёти осиштаву созгор дошт.

Бо ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Руссияи подшоҳӣ, бунёди ИҶШС ва бунёди давлатҳои ИҶШС кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳолати ҳамсоягии осоишта ба сар мебурданд.

Фурӯпошии ИҶШС боиси таззодҳо дар қаламрави давлатҳои он гардида, ҳаркадом аз ин давлатҳо мустақиман ба фазои геосиёсӣ ворид гардиданд.

Асри ХХ садаи жарфшавии дидгоҳ ва манофеи абарқудратҳо ба шумор меравад. Ба ин заминаи дидгоҳу манофеъ Осиёи Миёна низ ворид гардид. Имрӯз бошад ҷомеаи ҷаҳонӣ дар вазъу ҳолати ҳассосе қарор дорад, ки ҳатто давлатҳои абарқудрат тавони пешгӯӣ кардани онро надоранд.

Ба фахри тақдири миллати тоҷик сиёсатмадоре идораи умури сиёсиву миллиро ба душ доранд, ки бунёдгузори бузургтарин мактаби сулҳофарии башарият мебошанд.

Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо як қатор ташаббусҳои фарҳангпарваронаи худ ҳамчун мунодии сулҳу вањдат дар минтақа ҳамчун роҳбари фарҳангпарвару фарҳангсолор эътироф гардидааст.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло роҷеъ ба хислатҳои наҷиб ва шахсияти роҳбари муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон адиби машҳури сатҳи ҷаҳонӣ нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматов, чунин андеша намудааст: “Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд”.

Санаи 12 - уми марти соли 2025 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон доир гардид.

Зимни сафар барқарор гардидани муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйдоди таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки ормонҳои ҳазорҳо нафар мардуми ин ду кишвар ба ҳисоб рафта, рушди ҳамкориҳои дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ дар асоси дӯстию бародарӣ барқарор гардид.

Дар ҷараёни сафари расмӣ гуфтушуниди сарони давлатҳо дар масоили вобаста ба муносибатҳои ояндабинонаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди онҳо батафсил баррасӣ гардиданд, ки ба ғайр аз ин Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва Созишнома дар бораи марз, санадҳои зеринро имзо гузоштаанд. Дар умум 16 созишномаи байнидавлатие, ки миёни ду кишвар ба имзо расиданд,  ки муҳимтарини онҳо Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ мебошад ва ин иқдомот дар оянда баҳри рушди босуботи минтақа мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инфрасохторӣ, энергетика, CASA - 1000 ҳамлу нақл ва табодули таҷрибаи илмию таҳқиқотиро боз ҳам мустаҳкам мегардонад.

Самариддини Ҷамолӣ – мутхассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org