19 марти соли 2025 дар Комиссия чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар он раиси Комиссия, доктори илмҳои биологӣ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, доктори илмҳои таърих Хаёл Бобоев, сармуҳаррири рӯзномаи "Омӯзгор" Абдурауф Муродӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, инчунин як зумра олимон ва зиёиёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд.
Чорабиниро раиси Комиссия ифтитоҳ намуда, аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуд, ки “Ин ҷашни бостонӣ, ба шарофати шомил гардидан ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО, аз соли 2010 бар асоси қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид санаи 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” таҷлил мегардад.
Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Таҷлили ин ҷашн аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи он ба ҳисоб меравад.”
Сармуҳаррири рӯзномаи "Омӯзгор" Абдурауф Муродӣ дар суханронии худ зикр намуд, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мост ва таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Дар фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як анъана ва расму оине чун Наврӯз куҳантару азизтар нест. Ин ҷашн пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.
Дар навбати худ, доктори илмҳои таърих Хаёл Бобоев иброз дошт, ки "Наврӯз маънои "Рӯзи нав"-ро дорад ва оғози соли нави хуршедӣ, фарорасии баҳор, зиндашавии табиат ва шурӯи корҳои кишоварзиро ифода мекунад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз ҳамон лаҳзае фаро мерасад, ки Офтоб ба бурҷи Барра (Ҳамал) ворид мешавад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардин, ки бо тақвими имрӯза ба моҳи март рост меояд, таҷлил мекунанд."
Илова бар ин, дар доираи чорабинӣ озмуни "Беҳтарин дастурхони Наврӯзӣ", "Кадбонуи беҳтарин" ва мусобиқаи варзишии тенниси рӯи миз баргузор гардиданда ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Инчунин, ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ба довталабоне, ки рисолаҳои илмиашон аз ҷониби Раёсати Комиссия тасдиқ гардида буданд, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ супорида шуданд. Ҳамзамон, кормандони Комиссия барои фаъолияти пурсамару натиҷабахшашон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ бо "Ифтихорнома"-и Комиссия ва "Сипоснома"-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он ҳунармандони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳунарнамоии худ хотири ҳозиринро болида гардониданд.