Previous Next

Маҷлиси ҳисоботи солона

Дар робита ба дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 декабри соли 2023, №24/10-18 санаи 08 январи соли 2024, соати 15:00 маҷлиси ҳисоботии солонаи Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд-Комиссия) баргузор гардид.

Дар маҷлис роҳбарияти Комиссия, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода А., муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷ., муовини саркотиби илмии АМИТ Неъматов А., кормандони муассиса ва раисони шуроҳои экспертӣ иштирок намуданд.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ маҷлис ба кори худ оғоз намуд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа, раиси Комиссия Розиқзода А. нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ба раванди илму маориф иртибот доштанд, ба диққати ҳозирин расонид.

Дар идомаи ҷаласа раиси Комиссия Розиқзода А. дар бораи фаъолияти ин ниҳод дар соли 2023 бо истифода аз ҷадвалҳои омории компютерӣ гузориши муфассал ироа намуд. Дар муҳокимаи маъруза Сафарзода А., Ҷӯразода Ҷ., Неъматов А. ва раисони шуроҳои экспертӣ Юсуфӣ С. ва Комилзода Д. суханронӣ намуда, дар маҷмуъ, фаъолияти Комиссияро дар соли гузашта қаноатбахш ва мусбат арзёбӣ намуданд.

Сипас, Нақшаи кории Комиссия барои соли 2024 тасдиқ гардид.

Бояд гуфт, ки Комиссия ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ кӯшишу ғайрати худро равона карда, фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои соҳавӣ, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои марбута, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org