Ба таваҷҷӯҳи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишвар расонида мешавад, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили шумораи 1 соли 2025 маҷаллаҳои илмиро ба роҳ монда, муайян намуд, ки як қатор муассисаҳо то ҳол шумораи зикршударо дар сомонаи расмии маҷаллаҳои илмӣ нашр накардаанд, ки ин фазои холии корӣ ба фаъолияти минбаъдаи аттестатсияи кормандони илмии тахасуси олӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин лиҳоз, муассисаҳои дар рӯйхат буда, ӯҳдадоранд, ки шумораи 1 соли 2025 маҷаллаҳои илмии худро то санаи 20 апрели 2025 дар сомона ва Elibrary ҷойгир намуда ва шакли чопии онро ба Комиссия ва гирандагони ҳатмии шумораҳои маҷаллаҳо дастрас намоянд.