Оид ба маҷаллаи "Паёми молия ва иқтисоди Тоҷикистон"

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабони дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ мерасонад, ки зимни мониторинги маҷаллаҳои тақризшаванда муайян гардид, ки шумораи №4.2 (43) соли 2024 “Паёми молия ва иқтисоди Тоҷикистон”-и Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар муҳлати муқарраршуда таҳия, нашр ва дар сомонаи расмии Elibrary ҷойгир нагардида, баъди нашри шумораи №1 (44) соли 2025 мақолаҳои илмӣ барои чоп қабул шуда истодааст, ки хилофи талаботи ҷорӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирии баҳсҳои соҳавӣ аз муроҷиат барои чопи мақола дар шумораи №4.2 (43) соли 2024 маҷаллаи мазкур ва дигар шумораҳои маҷаллаҳои тақризшавандаи муҳлати нашрашон гузашта, худдорӣ намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраршуда маҷаллаҳои илмии тақризшаванда шуруъ аз моҳи апрел барои нашри шумораи №2 мақолаҳои илмӣ қабул намуда истодаанд.

Барои пешгирии нофаҳмиҳо ва гирифтани маълумоти зарурӣ ба муҳаққиқон тавсия дода мешавад, ки аз сомонаи Комиссия (бахши “Маҷаллаҳои тақризшаванда”) истифода баранд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org