Previous Next

Хониши идоравӣ дар мавзуи “Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мураттабсозии парвандаҳои аттестатсионӣ”

Санаи 2-юми  майи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хониши идоравӣ дар мавзуи “Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мураттабсозии парвандаҳои аттестатсионӣ”  бо иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кормандони Комиссия, раисони шуроҳои диссертатсионии самти иқтисодиёт, аъзои шуроҳои диссертатсионӣ ва кормандони илмии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ,  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд,  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, ки тариқи маҷозӣ иштирок намуданд, баргузор гардид. 

Дар ҷаласаи мазкур раиси Комиссия узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста муҳиммияти забони тоҷикӣ ва ба риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таъкид намудаанд: “Донишмандони забоншиноси мо дар хотир бояд дошта бошанд, ки  қоидаҳои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳама табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад”. Аз ин лиҳоз, тамоми неруи илмии кишварро зарур аст, ки  баҳри тозаву равон нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳангоми навишти маводҳои илмӣ, омодасозии парвандаҳои аттестатсионӣ  чораҳои муаасир андешанд. Қобили зикр аст, ки вобаста ба забони илм табдил ёфтани забони тоҷикӣ Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон таъкид намудаан: “Дар замони мо тавоноиву қудрати ҳар забон дар баёни матолиби илмӣ ва ифодаи комили мафҳуму истилоҳоти илмҳои гуногун зоҳир мешавад ва бақову идомаи он низ ба доираи истифода ва корбурдаш дар илм вобаста аст. Моро лозим аст, ки барои ҳамқадами замон шудани забони давлатӣ ва бар пояи забони илм рушд кардани он дастҷамъона кӯшиш намоем.
Бо ташаббуси мо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд ва таълифи рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм ба роҳ монда шуд.
Донишмандони мо, аз ҷумла унвонҷӯёнро зарур аст, ки рисолаву асарҳои илмии худро ба забони давлатӣ таълиф кунанд.
Фикр мекунам, ки ин иқдоми ватанпарварона дар амри тақвияту тавсеаи имкониятҳои забони тоҷикӣ дар соҳаи илм муассир хоҳад буд”.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло дар баромади хеш иброз доштанд, ки  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, ки забон ин ҳастии миллат мебошад.  Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Аз ҷониби мавсуф тариқи рӯнамо тарзи навишти дурусти  вожаҳои серистеъмоли забони тоҷикӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод қайд гардид, ки  Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, вобаста ба тарҷумаи осори гаронбаҳои халқи тоҷик бо забонҳои мухталиф ба ин марказ 30 воҳиди корӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Имрӯз бо кушодашавии  ин муассиса имконият фароҳам оварда мешавад, ки мутахассисони забондон ба кор ҷалб карда шаванд. Зарурияти таъсиси Муассисаи  мазкур саривақтӣ буда, талабот ба кадрҳои забондон торафт меафзояд, зеро рушди муназзами ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вусъат гирифтани ҳамгироиву ҳамкорӣ ва робитаи байни давлатҳо, тарҷумаи осори пешқадами халқҳои дунё, омӯхтани илму фарҳанги ҷаҳони муосир бо ҷалби ҷавонони забондон амалӣ мегардад.

Аз ҷониби раисони шуроҳои диссертатсионӣ Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, Шарифов Зариф Раҳмонович, Қодирзода Заррина Ҳалим саволҳо вобаста ба низоми коргузорӣ  ва таҳияи истилоҳоти илмии соҳаҳа манзури раиси Кумита гардонида шуд.

Ҳамчунин, Сабурӣ Хайрулло профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шарифов Сангимурод номзади илмҳои филологӣ аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки тариқи маҷозӣ иштирок доштанд, барои баргузории як хониши пурмуҳтаво изҳори сипос намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Аҳмадзода Баҳром Раҷаб вобаста ба воридшавии истилоҳоти нав ба фонди луғавии забони тоҷикӣ саволҳо пешниҳод намуд.

Дар фарҷом ба кормандоне, ки ба узвияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шомил гардиданд, аз ҷониби намояндаи ҳизб бо дафтарчаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд. 

Аз ҷониби раиси Комиссия ҷиҳати таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори боварӣ карда шуда, қайд гардид, ки ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба поку равон гардидани  забони тоҷикӣ зиёд буда, кушодашавии чунин муассисаҳои тарҷума бо рушди забон,  ташаккулёбӣ ва ғановатманд гардидани таркиби луғавии он мусоидат менамояд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org