ТАВЗЕҲОТ оид ба банди 84-и Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267)

Ба маълумоти шуроҳои диссертатсионӣ ва довталабони дараҷаҳои илмӣ расонида мешавад, ки зимни таҳия ва барасмиятдарории диссертатсия ва автореферат ба ҳаҷми муқарраршудаи онҳо вобаста ба самтҳои илмӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд. Аз ҷумла, ҳангоми таҳияи автореферат ба ҷузъи муаллифӣ, ки дар банди 84-и Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267) муқаррар гардидааст, диққати асосӣ дода шавад.

Тавре маълум аст як ҷузъи муаллифӣ аз 40 000 аломат (бо дарназардошти фосилаҳо) иборат буда, тарзи истифодаи ҳуруф, фосилаи сатр ва ҳаҷми он дар формати MS Word чунин мебошад:

- агар андозаи саҳифа A4, ҳуруф 14, интервали байни сатрҳо 1,5 бошад - 1 ҷузъи муаллифӣ ба 22-24 саҳифа баробар аст;

- агар андозаи саҳифа A4, ҳуруф 14, интервали байни сатрҳо 1,0 бошад - 1 ҷузъи муаллифӣ ба 15-16 саҳифа баробар мешавад;

- агар андозаи саҳифа A5, ҳуруф 12, интервали байни сатрҳо 1,0 бошад - 1 ҷузъи муаллифӣ ба 26-28 саҳифа мутаносиб мегардад.

Вобаста ба ин, ба шуроҳои диссертатсионӣ ва довталабони дараҷаи илмӣ зарур аст, ки ҳангоми таҳия ва барасмиятдарории диссертатсия ва автореферат талаботи зикршударо қатъӣ риоя намоянд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org