Previous Next

Хониши идоравӣ дар мавзуи “Зеҳни сунъии тавлидгар ва фаъолияти самараноки китобхонаи электронии Комиссия”

Санаи 11 июни соли 2025 дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ дар мавзуи “Зеҳни сунъии тавлидгар ва фаъолияти самараноки китобхонаи электронии Комиссия” бо иштироки муовини раиси Комиссия, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва кормандони муассиса доир гардид.

Сухани ифтитоҳиро муовини раиси Комиссия доктори илмҳои иқтисодӣ Шарифзода М.М. оғоз намуда, зикр намуданд, ки имрӯз зеҳни сунъӣ дар тамоми ҷаҳон баҳри пешбурди ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва густариш додани ҷанбаҳои илмиву эҷодӣ фаъолона истифода мешавад. Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024) зикр намуданд: “Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд.Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст”.

Бо ин мақсад, сармутахассиси бахши таъминоти лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Абдулло Мамадамон тариқи рӯнамо роҳҳои самаранок истифода бурдани зеҳни сунъиро барои пешбурди фаъолияти корӣ ва илмӣ ба кормандони Комиссия маърӯза намуданд. Мавсуф дар маърӯзаашон оид ба таърихи рушди зеҳни сунъӣ, ҷиҳати рақамикунонии раванди коргузорӣ ва шабакаҳои нейронии генеративӣ ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.

Дар фарҷоми хониши идоравӣ барои дарки амиқи раванди истифодабарии  зеҳни сунъӣ аз ҷониби кормандон саволҳо пешниҳод карда шуд, ки маърӯзачӣ дар навбати худ ба онҳо посухҳои амиқ ва қонеъкунанда гардонид.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org