Санаи 25-уми майи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ-бақои давлатдорӣ ва якдилии миллат” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Комиссия, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ таъкид намудаанд: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард”.
Инчунин иброз доштанд, ки аз рӯзи қабули ин санаи таърихӣ 28 – сол сипарӣ мегардад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармо мебошад.
Бо василаи, ин сарчашмаи бузурги таърихӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳаи илму маориф тавонист ба пешравиҳои назаррасе ноил гардад. Олимон ва зиёиёни тоҷик дар фазои сулҳу субот, баҳри густариш ва рушд додани соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ корҳои назаррасеро анҷом дода истодаанд.
Сипас, Афзалов Ғайбулло – раиси Шурои куҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ-бақои давлатдорӣ ва якдилии миллат” баромад намуданд. Мавсуф зикр намуданд, ки олимон ва зиёиёни тоҷик баҳри ба даст овардани Ваҳдати миллии тоҷикон ҷоннисориҳое зиёде кардаанд, ки ҳамеша метавон аз он ёдовар шуд. Дар ин раванд Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Ваҳдату якдилӣ роҳи комили худро баҳри устувор гардонидани ҷанбаҳои ҳаёти муҳимми ҷамъиятӣ пайдо намуд. Дар воқеъ бо шарофати Ваҳдат ва ягонагии мардуми тоҷик, имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳофар, ташаббускор мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа муҳокимарониҳо баргузор гардиданд, ки дар онҳо кормандони Комиссия фаъолона ширкат варзида, андеша ва пешниҳоди худро иброз намуданд.