Эзоҳ оид ба Нархномаи хизматрасониҳои давлатии пулакии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба иттилоъ мерасонем, ки бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шакл ва мазмуни диплому шаҳодатномаҳо, пурзӯр кардани низоми ҳимоя ва ҷойгир кардани бахши маълумотӣ (рамзи QR) дар онҳо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 майи соли 2025, №263 ва №264 қабул гардида, ба «Низомномаи постдокторантура», «Тартиби додани дараҷаи илмӣ» ва «Тартиби додани унвонҳои илмӣ» тағйирот ворид карда шуд. Дар ин асос талаботи техникӣ ва тартиби барасмиятдарории диплому шаҳодатномаҳо тибқи намунаҳои нав роҳандозӣ карда мешаванд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нархномаи хизматрасониҳои давлатии пулакии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Бинобар ин, ба маълумоти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, масъулини шуроҳои диссертатсионӣ ва довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ расонида мешавад, ки тағйироти зикршуда ба инобат гирифта шавад (замима).

 

ЭЗОҲ: Ба маълумоти довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ, ки бо қарори Раёсати Комиссия аз 26 июни соли 2025, №7 ба дараҷа ва унвони илмӣ сазовор гардидаанд, расонида мешавад, ки бинобар сабаби дар таҳрири нав чоп гардидани диплому шаҳодатномаҳо бо назардошти банди 5 Нархномаи мазкур (дастрасии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷа, унвонҳои илмӣ ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳо) баъди ҳисоббаробаркунии фарқияти маблағи хизматрасонии давлатии пулакӣ ба роҳ монда мешавад.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org