Ба таваҷҷуҳи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон!!

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоъ мерасонад, ки гарчанде 11 рӯз аз семоҳаи дуюми соли 2025 гузашта бошад ҳам, вале 19 маҷаллаҳои илмии тақризшаванда маводи нашри навбатии худро дар сомона ҷойгир накардаанд. Ин ҳолат сабаби ташвишу сарсонии довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ, мутобиқат накардани маводҳои чопии муаллифону довталабон, монеаи ташхиси парвандаҳои аттестатсионӣ дар Комиссия ва дигар мушкилоти раванди аттестатсия мегардад.

Вобаста ба ин, аз масъулони маҷаллаҳо хоҳиш карда мешавад, ки то 15 июли соли ҷорӣ шумораи №2 соли 2025 дар сомонаҳои расмии маҷаллаҳо ҷойгир ва талаботи нашршавии минбаъдаи онҳоро саривақт таъмин намоянд.

Замима: рӯйхати маҷаллаҳое, ки дар семоҳаи дуюм шумораи №2 соли 2025-ро дар сомонаи расмии маҷаллаҳо, Еlibrary ва шакли чопии онҳоро интишор накардаанд

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org