Санаи 18 июли соли 2025 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ дар мавзуи “ Ҳуши маснуъӣ дар интишороти илмӣ: бартарият, мушкилот ва дурнамо” баргузор гардида, дар кори он раиси Комиссия узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, муовини раиси Комиссия Шарифзода М.М., саркотиби илмӣ, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва кормандони муассиса фаъолона ширкат варзиданд.
Хониши идоравиро Раиси Комиссия профессор Давлатзода С.Х. оғоз намуда, ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳуши маснуъӣ ё худ зеҳни сунъӣ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки замони муосирро бе истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, ҳуши маснуъӣ дар ин бобат тавонист, мавқеъи худро миёни донишмандону олимони соҳаҳои мухталифи илмӣ то андозае пайдо намояд. Боиси зикр аст, ки диссертатсия ва мақолаҳои илмие ба чашм мерасад, ки тавассути зеҳни сунъӣ таълиф гардидаанд ва ин боиси таассуф аст. Зеро тибқи таҳлили мутахассисони соҳа он метавонад ба истифодабарандагон маълумотҳои бардурӯғро пешкаш намояд, ки ин ба коста гардидани раванди таҳияи диссертатсия ва мақолаҳо аз нигоҳи илмӣ мегардад. Дар ин бобат моро зарур аст, ки таҷрибаи пешқадами илмии давлатҳои пешрафтаро омӯхта таваҷҷуҳи бештар ба тақвият бахшидани илми тоҷик диҳем.
Вобаста ба мавзуи зикршуда н.и.ф.-м. Ризои Баҳромзод маъруза тариқи рӯнамо омода намуда, пешкаши кормандони муассиса гардонид. Дар маърузааш номбурда оид ба моҳият ва муҳтавои зеҳни сунъӣ, таҳияи матн, тасвир, навор, мақолаҳои илмӣ ва андешаи олимон оид ба истифодабарии он баромад намуда, ҷанбаҳои мусбат ва манфии онро ба кормандони муассиса фаҳмонид.
Масъалаи дигари баррасишаванда истифодаи зеҳни сунъӣ дар таълифи диссертатсия ва мақолаҳои илмӣ мебошад, ки имрӯз бештари муҳаққиқон ба он рӯ овардаанд. Коршиносони соҳа муайян намуданд, ки зеҳни сунъӣ дар таҳияи диссертатсия ва мақолаҳои илмӣ аз ҷиҳати сохт ва илмияти он маълумоти бемоҳиятро пешкаш менамояд, ки ҳангоми таҳлил онро мо баръало мушоҳида карда метавонем.
Ҳамзамон, Ризои Баҳромзод оид бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва истифодаи самаранокӣ зеҳни сунъӣ пешниҳодҳои мушаххас пешкаши ҳозирин гардонид.
Дар фароварди хониш идоравӣ музокираҳо сурат гирифт, ки кормандон фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои хеш ҷавоби амиқ гирифтанд.